Рӯзи Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин ҷашнҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин рӯз ҳар сол 27 июн таҷлил гардида, ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 бахшида шудааст. Ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик арзиши бузург дошта, асоси сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва пешрафти давлат мебошад.
Пас аз ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон рӯзҳои душворро аз сар гузаронид. Бо талошҳои роҳбарияти давлат ва хиради мардуми кишвар сулҳ барқарор гардида, замина барои рушди минбаъдаи давлат фароҳам омад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва рӯ ба рушд дар арсаи байналмилалӣ шинохта мешавад.
Ваҳдати миллӣ мардумро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ даъват мекунад. Дар шароити имрӯза ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки барои ҳифзи сулҳу оромӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва пешрафти Ватан саҳм гузорад.
Дар фазои ваҳдат ҷавонон имконият пайдо мекунанд, ки дониш омӯзанд, ҳунар аз худ намоянд ва дар ободии Ватан саҳм гузоранд. Ҳифзи Ваҳдати миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванд аст, зеро пешрафти давлат ва зиндагии осоиштаи мардум аз он вобастагии зич дорад.
Бо шарофати ваҳдати миллӣ дар мамлакат роҳҳо, мактабҳо, беморхонаҳо ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ бунёд гардида, сатҳи зиндагии мардум беҳтар шудааст. Ҷавонон ҳамчун ояндаи миллат бояд аҳамияти ваҳдатро дарк намуда, барои таҳкими он кӯшиш намоянд.
Ваҳдати миллӣ ба саҳифаи таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гаштааст. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи иқтисоди ҷумҳурӣ, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.
Ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои миллӣ бояд дар ниҳоди ҳар як фарди ҷомеа, махсусан насли наврасу ҷавон тарғиб ва ҳифз карда шаванд. Ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, фарҳанг ва генофонди миллӣ, инчунин тарғиби идеологияи солими миллӣ масъулияти ҳамаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба хусус ҳамсафони мост.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашни сулҳ, дӯстӣ ва ягонагии мардуми Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи ваҳдат ва сулҳу субот қарзи ҳар як шаҳрванди ватандӯст буда, омили асосии рушди минбаъдаи Тоҷикистони азиз ба ҳисоб меравад.
Маҳмадзода Суман,
Мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Раёстаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

