Терроризм калимаи лотинии “terror” буда, маънои тарсро ифода менамояд. Ё ин ки дар луғати С.И.Ожегов муайян гардидааст, ки терроризм аз калимаи фаронсавӣ “terrorizer” гирифта шуда, маънои зӯроварӣ, даҳшат ва дар ҳолати тарсу ҳарос нигоҳ доштанро ифода менамояд ва ё мувофиқ ба “Конвесияи мубориза бар зидди терроризм”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо қабул гардидааст, терроризм ин ҳар гуна ҳодисаи зуроварӣ бар зидди озодӣ, ҳаёт ва тандурустии одамон мебошад.
Дар моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” чунин омадааст: Терроризм – яъне шакли зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобудсохтан (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар объектҳои моддии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии амволӣ ва ё дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо мақсади суст кардани сохти Конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қатъ гардидани фаъолияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаъолият, инчунин сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаъолияти давлатӣ ё ҷамъиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазъият ё расонидани таъсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеъ шудан ба фаъолияти сиёсӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналхалқии таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта ё аъзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналхалқӣ содир шуда бошанд, мебошад.
Терроризм як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимияти сиёсӣ, институтҳои ҳокимияти давлатӣ ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни таҳрезишуда равона гардидааст.
Террорист – субъект, терроризм – сиёсат ва террор воситаи ба амалбарории ин сиёсат аз ҷониби субъектонаш аст. Унсури марказии террор амали террористӣ мебошад, ки амали террористӣ асосан аз се қисм таркиб ёфтааст: ғояҳо ва омилҳои сиёсие, ки амали террористиро асоснок менамоянд; фаъолияти зӯроварӣ бо тамоми зуҳуроташ; худи амали террористӣ, ки ба муқобили кадом объект равона гардидааст.
Мубориза алайҳи терроризм дар навъҳои гуногун сурат мегирад. Давлатҳои ҷаҳон роҳҳои зиёди мубориза бо онро пеш мегиранд, то ҳар чӣ зудтар аз ин падидаи номатлуб наҷот ёбанд.
Дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи созмонҳои бонуфӯзи сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монда, дар коҳиш ва пешгирии таҳдидҳои дорои хусусияти террористӣ дошта саҳми назаррас дорад. Ҳамкории минтақавӣ мушкилоти умумиро тавассути такмили ҳамоҳангсозӣ, мубодилаи иттилоот ва таҷрибаи пешқадам ҳал менамояд. Иҷрои қарорҳои муштараки қабулшуда дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба таҳкими сулҳ ва субот дар соҳаи масъулияти ин созмонҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон, мусоидат мекунад.
Зиёзода Дилмурод,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич

