Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳринав вохӯрии навбатӣ бо сокинони ноҳия – муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта ва он сокиноне, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равонаанд, идома дорад
Дар рафти вохӯрӣ ба самъи сокинони ноҳия расонида шуд, ки дар соли 2027 тартиб ва танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ё будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади танзими раванди муҳоҷират ва таъмини муҳоҷирати бехатар дар қаламрави Федератсияи Россия пурзӯр карда мешавад.
Дар доираи Консепсияи давлатии сиёсати муҳоҷирати Федератсияи Россия, ки аз 15 октябри соли 2025, №738 тасдиқ гардидааст, Думаи давлатии Шӯрои федералии Федератсияи Россия як қатор қонунҳоро дар самти танзими раванди муҳоҷират баррасӣ ва тасдиқ намуданд. Думаи давлатии Федератсияи Россия қонунҳои федералиро оид ба будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва оилаи онҳо дар қаламрави Федератсияи Россия ба тасвиб расонида, аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ талаб намудааст, ки раванди татбиқи меъёрҳои қонунгузорӣ пурра иҷро гарданд.
Дар ҳолати пайдо гардидани савол ва ё гирифтани машварати ҳуқуқии ройгон шаҳрвандон метавонанд ба мутахассисони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР муроҷиат намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
