• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Терроризм ва экстремизм – хатари он ба ҷомеа

Migration Service by Migration Service
06.12.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Терроризм ва экстремизм – хатари он ба ҷомеа
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар ибтидои асри ХХ1 ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушкилоти аз рӯи миқёс ва оқибатҳояш бемислу монанд–паҳншавии босуръати шаклҳои гуногуни зӯроварии сиёсӣ, динӣ ва иҷтимоӣ дучор гардид, ки дар байни онҳо терроризму экстремизм дар амал ба ҳама соҳаҳои фаъолияти ҳаётӣ чун хатари ҷиддӣ таҳдид мекунанд. Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад.

Бояд гуфт, ки сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда, таҳдиди амалҳои нави террористӣ, нафақат аз байн рафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Ба амал омадани чунин вазъият сабабҳои худро дорад, ки дар зери таъсири омилҳои мушаххас пайдо мешаванд. Дар ин раванд, терроризм, экстремизми динию сиёсӣ, инқилобҳои ранга, вайрон кардани системаҳои хоҷагидорӣ, корношоям гардонидани системаҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва ғайра ҳамчун воситаи дар амал татбиқ намудани стратегияҳои абарқудратҳо ва ҳимояи манфиатҳои геополитикии онҳо истифода мегарданд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пайравони ифротгароён бо мақсади пайдо намудани ҷонибдорону ҳаммаслакон кӯшиш менамоянд, ки дар миёни оммаи мардум нисбат ба сохтори мавҷудаи ҷамъиятӣ норозигию нобоварӣ ба вуҷуд оваранд. Барои амалӣ намудани ин мақсад онҳо роҳу усулҳои таъсиррасонии психологию иттилоотиро ба кор мебаранд, ки ин амал ба ҷанги иттилоотию идеологӣ шабоҳат пайдо менамояд.

Дар чунин шароит ба ҳиссиёт ва эҳсосоти мардум, бовар ва эътиқодоти онҳо таъсиррасонӣ намуда, дар афкори ҷамъиятӣ рӯҳияи бадбиниро ба вуҷуд меоваранд. Ин ҳолат, махсусан ба қишри фаъоли ҷомеа – ҷавонон бештар таъсири манфӣ мерасонад. Бояд гуфт, ки омилҳои асосие, ки боиси рушди экстремизм дар ҷомеа мегарданд, зиёданд.

Аз ҷумла, дар Осиёи Миёна як қатор созмону гурӯҳҳои террористӣ ба вуҷуд омадаанд, ки онҳо метавонанд ба амнияти миллии мо хатари азимеро ба бор оранд. Махсусан, дар ин минтақа ва кишварҳои ҳаммарзи мо рӯз аз рӯз фаъол гардидани ҳаракатҳои террористию экстремистӣ метавонад ҷанбаи ифротгароии диниро дар Тоҷикистон низ густариш диҳад. Чанд омил вуҷуд дорад, ки боиси густариши равияҳои экстремистӣ дар ҷомеа мегардад. Инҳо сатҳи пасти маърифати сиёсӣ, иттилоот ва дарк накардани арзишҳои динӣ.

Таҷрибаи сиёсии ҷаҳони муосир собит сохт, ки иқтисоди ғаниву устувор ва ҳатто, артиши пуриқтидори замонавӣ наметавонад амнияти давлатро таъмин намояд. Дар ин раванд, танҳо давлатҳое амнияти худ ва осоиштагии мардумро ҳифз менамоянд, ки сиёсати ваҳдатофар ва ватандӯстонаро бо дастгирии миллати худ мустаҳкам намоянд.

Барои пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб бояд як қатор корҳои фаҳмондадиҳӣ, пеш аз ҳама, ташаккули фарҳанги сиёсию ҳуқуқӣ, тарғиби худшиносӣ ва ватандӯстӣ, маърифати динӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии шаҳрвандон ба роҳ монда шаванд.

Воқеияти сиёсии муосир нишон медиҳад, ки ягон давлат дар алоҳидагӣ наметавонад ин таҳдидро бартараф намояд, зеро доираи паҳншавӣ ва робитаҳои онҳо басо фарох мебошад.

Маҳз, аз ҳамин сабаб ҷаҳони имрӯза терроризму экстремизмро ҳамчун хатари умумибашарӣ эътироф намуда, муборизаи дастаҷамъонаро ба муқобили он мувофиқи мақсад мешуморад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон муборизаро дар сатҳи дохилӣ ва минтақавию ҷаҳонӣ бо созмонҳои байналмилалӣ қавитар месозад.

Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба мубориза бар зидди терроризм санадҳои ҳуқуқии байналмилалии дуҷониба, бисёрҷониба, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии минтақавӣ ташкил медиҳанд, ки онҳо ба таъмини сулҳ ва амнияти инсоният мусоидат мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад.

Абдушаҳидов Ҳумоюн,

Сардори Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Омода шаведу, баъд ба сафар бароед!

Next Post

ТАЪЗИЯ

Next Post
ТАЪЗИЯ

ТАЪЗИЯ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.