Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки “Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст”. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Имрӯз, терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузургӣ иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳои воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айнӣ замон мартуб ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқи мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешида шуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузории онҳо ба мушоҳида мерасад. Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад.
Дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду талошҳо омадааст: “Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад “. Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумори фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гурӯснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд.
Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту якум табдил ёфтааст. Ифротгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан лозим аст, ки ифрдгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама мубориза баранд.
Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдорӣ амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳрот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Вобаста ба гуфтахои боло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосӣ худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.
Чуноне, ки дар боло қайд карда шуд, ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон омили мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта санадҳо меъёрию ҳуқуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта муваззаф гардонидааст.
Мо халқи Тоҷикистон ҳамеша бо суханони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ менамоем.
Қадамов Д.,
Сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ванҷ