Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент чихати амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои соли 2026 ва ҳамчунин бо дар назардошти нақшаи чорабиниҳои муштарак бо шуъбаҳои Кумитаи амниятӣ миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, кор бо занон ва оила, бахшҳои танзими дин, анъана ва ҷашну маросимҳо, кор бо ҷавонон ва варзиш, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ дар маркази шаҳри Панҷакент байни омӯзгорон, фаъолон, оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯён чорабинии итилоотӣ-маърифатӣ баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, риояи қонунгузорӣ ва тартиби ҳуҷҷатгузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Масъулини шуъба қайд намуданд, ки шаҳрвандон бояд ҳангоми сафар ба хориҷи кишвар қоидаҳои будубош ва талаботи қонунгузории давлатҳои қабулкунандаро риоя намоянд. Ҳамчунин ба иштирокчиён оид ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ маълумот дода шуд.
Илова бар ин, зимни вохӯрӣ вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, мубориза бар зидди коррупсия, пешгирии зӯроварӣ дар оила, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани маърифати тиббӣ оид ба бемории ВНМО маълумоти муфид пешниҳод гардид.
Инчунин, масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, нақши занон дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии мушкилоти иҷтимоӣ фаҳмонида шуд. Иштирокчиён оид ба мавзуъҳои баррасишуда маълумотҳои муфид гирифта, ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда дарёфт намуданд.
Ҳамчунин иштирокчиён барои риояи қоидаҳои будубош, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва тарбияи дурусти ҷавонон ҳидоят карда шуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ сокинон ба саволҳои худ ҷавоб гирифта, барои ҳамкории минбаъда бо мақомоти дахлдор даъват карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

