Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Гулистон дар деҳаи Зарчашмаи Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини Раиси шаҳр – Шарифҷони Саидраҳмон, мудирони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш – Аҳлиддин Абдураҳмонов, бахши Хадамоти муҳоҷират – Абдумалик Шоназарзода, бахши кор бо занон ва оила – Матлуба Сатторова, шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳр – Фаридуншоҳ Абдуллоев ва раиси Ҷамоати шаҳрак – Улуғбек Хоҷаев иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти мулоқот ба масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили ифротгароӣ, терроризм, таълимоти ғайриқонунии динӣ, тақлид ба фарҳангу либоси бегона, ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ, инчунин риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти танзими ҷашну маросим таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки имрӯз ҳифзи амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа аз ҳар як шаҳрванди кишвар масъулияти баланд, ҳушёрии сиёсӣ ва эҳсоси ватандӯстиро талаб менамояд. Қайд карда шуд, ки гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ кӯшиш мекунанд ҷавононро ба доми фиреб кашанд. Аз ин рӯ, ҳар як сокин, бахусус ҷавонон, бояд аз чунин зуҳуроти хатарнок дурӣ ҷуста, танҳо ба иттилооти боэътимод такя намоянд.
Ҳамзамон, оид ба хатари таълимоти ғайриқонунии динӣ ва оқибатҳои ҳуқуқии иштирок дар чунин фаъолиятҳо маълумоти муфассал пешниҳод гардида, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки фарзандонашонро дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, арзишҳои миллӣ ва фарҳанги волои тоҷикона тарбия намоянд.
Дар идомаи мулоқот масъалаи пешгирии тақлид ба фарҳангу либоси бегона мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр шуд, ки ҳифзи фарҳанги миллӣ, либоси миллӣ, расму ойинҳои неки аҷдодӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад.
Инчунин, оид ба пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо сухан рафта, иштирокчиён ба риояи ҳатмии қонунҳо, эҳтиром ба тартиботи ҷамъиятӣ ва саҳмгузорӣ дар таъмини фазои орому осудаи ҷомеа ҳидоят карда шуданд.
Дар қисмати дигари мулоқот мазмуну муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” шарҳ дода шуда, таъкид гардид, ки риояи талаботи қонуни мазкур ба пешгирии хароҷоти зиёдатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии оилаҳо мусоидат менамояд.
Дар анҷоми мулоқот сокинон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар пешгирии падидаҳои номатлуб, риояи қонунгузории амалкунанда ва ҳифзу таҳкими сулҳу суботи ҷомеа изҳор намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

