Бо ташаббусти бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич дар деҳаи Сумбулканди Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ вохӯрии навбатӣ бо сокинону фаъолони ҷамоат баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла оиди истифодаи дурусти қувваи барқ, тарғибу ташвиқи сиёсати имрӯза, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, терроризм экстремизм, муҳоҷират, гузаронида шуд.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Зиёзода Д., оиди дар ҷаҳони муосир таъсиррасонии равандҳо ва зуҳуроти гурӯҳҳои ифтотие, ки на балки дар як қатор кишварҳои минтақа ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунад, сухан ронда, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротии террористӣ экстремистӣ ва аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундраве, ки хусусан муҳоҷирони меҳнатиро фирефтаи худ мекунанд ва боз он муаммоҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дучори муҳоҷирон мегардад, огоҳонида шуданд.
Аз ҷумла, доир ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мераванд, оиди тағйиротҳои воридкардашуда ва шиносоӣ бо қонунҳои амалкунандае, ки ҳангоми сафар кардан ба давлатҳои хориҷӣ, хусусан ба Федератсияи Россия аз қонуну қоидаҳое, ки дар он давлат амал мекунад, воқиф буда, тартиби будубошро ва тартиби фаъолияти меҳнатиро бояд дуруст ба роҳ монанд, сӯҳбат гузаронида шуд.
Ҳамзамон, ба шаҳрвандон барои муҳоҷирати бехатар ба давлатҳои хориҷа, оиди барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва барои гирифтани иҷозатномаи кор дар хориҷа якчанд дастуру супоришҳо дода шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

