• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии навбатӣ бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Migration Service by Migration Service
22.09.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии навбатӣ бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” вохӯрии навбатӣ бо шаҳрвандони бозгашта ва он шаҳрвандоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равонаанд, идома дода истодаанд.

Дар рафти вохӯрӣ ба самъи шаҳрвандони ҷумҳурӣ расонида шуд, ки ҳангоми будубош ва фаъолияти меҳнатӣ ҳушёрӣ ва эҳтиёткориро риоя намоянд. Имрӯзҳо баъзе гурӯҳҳо ва созмонҳои мамнуъ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ва дигар воситаҳои иртибот кӯшиш мекунанд шаҳрвандонро ба фаъолияти ғайриқонунӣ ҷалб намоянд. Дар чунин ҳолатҳо метавонанд пешниҳодҳои гуногун, ваъдаҳои бардурӯғ ё дархостҳои интиқоли маблағ ва расонидани кумак истифода шаванд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад: бо шахсони ношинос ва гурӯҳҳои шубҳанок робита барқарор накунанд; ба даъватҳо барои иштирок дар фаъолиятҳои ғайриқонунӣ посух надиҳанд; маблағро ба шахсон ё созмонҳои номаълум интиқол надиҳанд; аз паҳн намудани мавод ё маълумоти дорои хусусияти экстремистӣ ё террористӣ қатъиян худдорӣ намоянд; талаботи қонунгузории Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намоянд.

Ёдовар мешавем, ки мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дар фаъолияти созмонҳои террористӣ ё экстремистӣ, мусоидат ба фаъолияти онҳо, маблағгузорӣ, интиқоли маблағ, ҷалби дигарон, инчунин дигар шаклҳои ҳамкорӣ бо чунин созмонҳо метавонад боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ гардад.

Бо мақсади огоҳии шаҳрвандон, дар зер рӯйхати созмонҳо, гурӯҳҳо ва ҳаракатҳое оварда мешавад, ки фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидааст: “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон”, “Ал-Қоида”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Гурӯҳи 24”, “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат-ан-Нусра”, “Ансоруллоҳ”, “Pamir Daily News” ва “Новый Таджикистан 2”.

Риояи қонунҳо, ҳушёрӣ ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва худдорӣ аз ҳар гуна робита бо гурӯҳҳои шубҳанок барои ҳифзи амният, ҳуқуқ ва ояндаи шумо аҳаммияти калон дорад. Дар сурати дучор шудан ба чунин ҳолатҳо тавсия дода мешавад, ки ба мақомотҳои салоҳиятдори Федератсияи Россия: Хадамоти амнияти федералӣ: Телефони боварӣ — +7 (495) 224-22-22 ё 8-800-224-22-22 (барои зангҳо аз дохили Россия ройгон) ва Вазорати корҳои дохилӣ (МВД): 102 (аз телефони мобилӣ ва хатти оҷили ВКД-и Россия: 8 800 222-74-47) муроҷиат намоед.

Қаблан Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонеро, ки барои кор ба кишвари Россия мераванд, аз кӯшишҳои гурӯҳҳои ифротгаро барои таъсир расонидан ба ҷавонон дар интернет огоҳ карда буд. Аз муҳоҷирон даъват карда шуд, ки ба таҳрикҳо муқовимат кунанд ва ҳушёр бошанд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.