Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич дар деҳаи Зарнисори Ҷамоати деҳоти Ғазантарак вохӯрӣ бо масъулини шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъаи дастгоҳи Раиси ноҳия, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират, намояндаи Ҷамоати деҳоти Ғазантарак, ва раисони маҳаллаҳо, баргузор намуд.
Дар вохӯрии мазкур вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар, тарғибу ташвиқи сиёсати имрӯза, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, теророризм экстремизм, муҳоҷирати бехатар, гузаронида шуд.
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Одилов К., оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, риояи тартиботи муқарраргардида ҳангоми сафар ба хориҷи кишвар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои зиддиқонунӣ ҷалб карда шуд. Дар идомаи вохӯрӣ масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, зиракии сиёсӣ ва дурӣ ҷустан аз ақидаҳои ифротӣ яке аз омилҳои муҳими ҳифзи суботи ҷомеа мебошад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчиён ба риояи қонун, эҳтироми арзишҳои миллӣ, ҳифзи сулҳу субот ва масъулиятшиносӣ дар назди ҷомеа даъват гардиданд. Масъулин изҳор доштанд, ки чунин суҳбату вохӯриҳои иттилоотию маърифатӣ дар маҳалҳо минбаъд низ идома ёфта, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

