Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Гулистон вохӯрии навбатӣ бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон баргузор намуд.
Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, муовини сардори шуъбаи шаҳри Гулистони РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Раиси КИ ҲХДТ, мудирони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, бахши Хадамоти муҳоҷират, бахши кор бо занон ва оила иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти мулоқот ба масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили ифротгароӣ, терроризм, таълимоти ғайриқонунии динӣ, тақлид ба фарҳангу либоси бегона, ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ, инчунин риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти танзими ҷашну маросим таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки имрӯз ҳифзи амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа аз ҳар як шаҳрванди кишвар масъулияти баланд, ҳушёрии сиёсӣ ва эҳсоси ватандӯстиро талаб менамояд. Қайд карда шуд, ки гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ кӯшиш мекунанд ҷавононро ба доми фиреб кашанд. Аз ин рӯ, ҳар як сокин, бахусус ҷавонон, бояд аз чунин зуҳуроти хатарнок дурӣ ҷуста, танҳо ба иттилооти боэътимод такя намоянд.
Ҳамзамон, оид ба хатари таълимоти ғайриқонунии динӣ ва оқибатҳои ҳуқуқии иштирок дар чунин фаъолиятҳо маълумоти муфассал пешниҳод гардида, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки фарзандонашонро дар руҳияи эҳтиром ба қонун, арзишҳои миллӣ ва фарҳанги волои тоҷикона тарбия намоянд.
Дар идомаи мулоқот масъалаи пешгирии тақлид ба фарҳангу либоси бегона мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр шуд, ки ҳифзи фарҳанги миллӣ, либоси миллӣ, расму оинҳои неки аҷдодӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад.
Инчунин, оид ба пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо сухан рафта, иштирокчиён ба риояи ҳатмии қонунҳо, эҳтиром ба тартиботи ҷамъиятӣ ва саҳмгузорӣ дар таъмини фазои орому осудаи ҷомеа ҳидоят карда шуданд.
Дар қисмати дигари мулоқот мазмуну муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” шарҳ дода шуда, таъкид гардид, ки онҳо замина барои рушди устувори давлат ва таъмини некӯаҳволии ҷомеа мебошад.
Аз ҷониби мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Гулистон дар пешгирии падидаҳои номатлуб нақши калидӣ доштани стратегияву барномаҳои давлатӣ, махсусан Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия, Стратегияи давлатии пешгирии экстремизм ва терроризм, Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ таъкид гардида, сокинон ба иштироки фаъолона баҳри амалисозии пурраи онҳо даъват карда шуданд.
Дар анҷоми мулоқот сокинон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар пешгирии падидаҳои номатлуб, риояи қонунгузории амалкунанда ва ҳифзу таҳкими сулҳу суботи ҷомеа изҳор намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

