Кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт дар якҷоягӣ бо намояндагони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Ашт дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №26 ва №29, воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон, вохӯрӣ бо сокинон баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ иштирокчиён оид ба масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла оид ба қонунгузорӣ дар самти муҳоҷират, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба фасли зимистон ва мавҷудияти ҷойҳои кории холӣ маълумот гирифтанд.
Дар рафти вохӯрӣ оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои будубош дар кишварҳои қабулкунанда, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, инчунин зарурати омӯзиши касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ ба иштирокчиён тавсияҳои муфид дода шуданд.
Ҳамзамон, вобаста ба омодагӣ ба фасли зимистон, масъалаҳои риояи қоидаҳои бехатарӣ, андешидани чораҳои зарурии пешгирикунанда ва ҳифзи саломатии шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Намояндаи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бошад, оид ба ҷойҳои кории холӣ ва имкониятҳои бо шуғл таъмин гардидани шаҳрвандон маълумот пешниҳод намуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни иштирокчиён оид ба масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои сокинон ҷавобҳои мушаххас дода шуданд
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

