• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии судманд бо муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо

Migration Service by Migration Service
15.04.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии судманд бо муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо мақсади пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо, баланд бардоштани сатҳи омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар, кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” вохӯрии судманд доир намуданд.

Дар рафти суҳбат бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатие, ки ба ватан бозгаштаанд, дар бораи бо ҷоий кори доимӣ таъмин намудан дар ширкатҳои ватанӣ, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ, нафароне, ки хоҳишманданд дар дохили кишвар кору фаъолият намоянд ба шуъбаву бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ҷойи иқомат муроҷиат намоянд, тавсияҳои муфид доданд.

Инчунин, шахсоне, ки қобилияти донистани забонҳои хориҷа, аз ҷумла англисӣ, немисӣ, арабӣ, кореягӣ ва дигар забонҳо ҳастанд, метавонанд дар озмунҳои ҷойи кор дар давлатҳои хориҷи кишвар, ки аз ҷониби МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” ва “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ  пешниҳод мегардад, ширкат намоянд.  

Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ ба он нафароне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишвари Россия сафар доранд доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.

Аз ҷумла, таъкид гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки аз гурӯҳҳои манфиатҷу ва ифротгару хурофотпараст дурӣ ҷуста, шабакаҳои иҷтимоиро самаранок истифода намуда, берун аз фаъолияти меҳнатӣ ба китобхона, театр ва осорхонаҳо, ки ба ҷаҳонбинии ҳар шаҳрванд замина мегузоранд рафта, ба омӯзиш машғул шаванд.

Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида шуд, ки барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия телефони боварии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР дар самти муҳоҷират +7(495)9679844 фаъолият дорад, ки шаҳрвандон метавонанд вобаста ба ҳалли мушкилоташон муроҷиат намоянд.

Телефони боварӣ тибқи тартиби муайяншуда дар соатҳои корӣ аз соати 9:00 то соати 18:00 ба вақти Москва фаъолият намуда, ҷиҳати мусоидат ба ҳали мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, саривақт бартараф намудани мушкилоти онҳо, қабули дархости шифоҳӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ муроҷиатҳоро қабул менамоянд.

Инчунин, вобаста ба масъалаҳои ҳифзу ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ, шарҳи қонунгузории Федератсияи Россия оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳрвандон мутахассисони соҳа пусух гардонида, тавсия ва машваратҳои ҳуқуқии ройгон медиҳанд. Дар поёни вохӯрӣ аз ҷониби масъулин варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ тақсим карда шуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Ифротгароӣ  пеш аз ҳама ба шуури ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад

Next Post

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонем, ки истифодаи растании гармала (ҳазориспанд) дар Россия қатъиян манъ мебошад

Next Post
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонем, ки истифодаи растании гармала (ҳазориспанд) дар Россия қатъиян манъ мебошад

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонем, ки истифодаи растании гармала (ҳазориспанд) дар Россия қатъиян манъ мебошад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.