• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ифротгароӣ  пеш аз ҳама ба шуури ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад

Migration Service by Migration Service
15.04.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ифротгароӣ  пеш аз ҳама ба шуури ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ифротгароӣ маънои аз ҳад гузаштани ақида, рафтор ё эътиқодро дорад, ки метавонад ба рад кардани арзишҳои умумии инсонӣ, қонун ва тартибот оварда расонад. Одатан, ифротгароӣ дар шакли сиёсӣ, динӣ ё иҷтимоӣ зоҳир мешавад. Шахсони ифротгаро аксар вақт ҷаҳонро танҳо аз як нуқтаи назар мебинанд ва андешаҳои солиму созандаи дигаронро қабул намекунанд ва ин низ як мушкили аслӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Яке аз сабабҳои асосии ҷалби ҷавонон ба ифротгароӣ норасоии маърифат ва дониш мебошад. Ҷавононе, ки маълумоти кофӣ надоранд, осонтар фирефтаи таблиғоти гурӯҳҳои ифротӣ мегарданд. Ҳамзамон, бекорӣ, камбизоатӣ ва набудани имкониятҳои рушди шахсӣ метавонанд ҷавононро ба чунин роҳ баранд. Вале ин як тарафи масъала аст ва сабаби асосӣ ин бемаърифатӣ ва надоштани дониши амиқ мебошад.

Омили дигар ин таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет мебошад. Имрӯзҳо, гурӯҳҳои ифротӣ аз технологияҳои муосир истифода бурда, ҷавононро бо ваъдаҳои бардурӯғ ва шиорҳои ҷолиб ба худ ҷалб мекунанд. Онҳо оқилона аз ҳисси адолатхоҳӣ, эҳсосоти динӣ ё миллӣ ва ноумедии ҷавононро истифода мебаранд.

Муҳити оилавӣ низ нақши муҳим дорад. Агар дар оила тарбия дуруст ба роҳ монда нашавад, назорати падару модар суст бошад, эҳтимолияти ба роҳи нодуруст рафтани ҷавонон зиёд мегардад. Ва ин чиз бисёр хатарнок мебошаду бар ташаккули ҷомеаи солим халал мерасонад.

Ифротгароӣ пеш аз ҳама ба шуури ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Онҳо ҷаҳонро бо чашми душманӣ мебинанд, таҳаммулпазириро аз даст медиҳанд ва ба зӯроварӣ майл пайдо мекунанд. Ин ҳолат метавонад онҳоро аз ҷомеа дур созад ва ба танҳоӣ барад. Ин тарзи тафаккур хатарноктарин дар миёни ҷомеаи пешрафта дониста мешавад. Ҳамчунин ифротгароӣ ба таҳсил ва рушди шахсӣ халал мерасонад. Ҷавононе, ки ба чунин гурӯҳҳо ҳамроҳ мешаванд, аксар вақт таҳсилро тарк мекунанд ва имкониятҳои худро барои ояндаи дурахшон аз даст медиҳанд.

Аз ҷиҳати равонӣ низ таъсири манфӣ хеле зиёд аст. Ифротгароӣ метавонад ба ташаккули тафаккури маҳдуд, нафрат ва бадбинӣ оварда расонад. Инсонро сахт худписанд ва нисбати дигарон бадбин гардонад. Ин ҳолат ба муносибатҳои иҷтимоӣ, дӯстӣ, бародархондагӣ ва ҳатто ба муносибатҳои оилавӣ низ таъсири бад мерасонад.

Қайд намудан лозим аст, ки ифротгароӣ на танҳо ба шахс, балки бар тамоми ҷомеа хатар дорад. Ҷавонони ифротгаро метавонанд ба амалҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла зӯроварӣ, терроризм ва нооромӣ даст зананд. Ин ҳолат суботи ҷомеаро вайрон мекунад ва рушди кишварро бозмедорад. Ғайр аз ин, ифротгароӣ метавонад боиси паҳншавии нафрат байни гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа гардад. Ин ба ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии осоишта халал ворид намуда, тухми нифоқро паҳн месозад, ки оқибати ногувор дорад.

Ҷиҳати пешгирӣ намудани ифротгароӣ дар байни ҷавонон бояд чораҳои ҳамаҷониба андешида шаванд. Пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва дониш муҳим мебошад. Маориф бояд ҷавононро бо арзишҳои инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми ҳуқуқи дигарон тарбия намояд. Дар ин ҷода, нақши оила низ хеле муҳим аст. Падару модарон бояд ба тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ диҳанд, бо онҳо суҳбат кунанд ва аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар бошанд.

Ҳамчунин ҷомеа бояд барои ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварад — ҷойҳои корӣ, имкониятҳои таҳсил ва рушди шахсӣ. Вақте ки ҷавон бо корҳои муфид машғул аст, эҳтимоли ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб шуданаш кам мешавад. Истифодаи дурусти интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ бисёр муҳим мебошад. Ҷавонон бояд омӯхта шаванд, ки чӣ гуна маълумоти дурустро аз нодуруст фарқ кунанд ва ба таблиғоти бардурӯғ бовар накунанд.

Мубориза бо ифротгароӣ танҳо вазифаи давлат нест, балки вазифаи ҳар як узви ҷомеа мебошад. Агар мо мехоҳем, ки насли ҷавон солим, босавод ва ватандӯст бошад, бояд ба тарбия, маориф ва рушди онҳо диққати махсус диҳем. Танҳо бо ҳамкории оила, мактаб ва ҷомеа метавонем ҷавононро аз таъсири манфии ифротгароӣ ва дигар омилҳои манфӣ ҳифз намоем ва барои онҳо ояндаи дурахшонро бунёд намоем.

Хайридинзода Исфандиёр,

Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Вохӯрии судманд бо сокинони шаҳри Истаравшан

Next Post

Вохӯрии судманд бо муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо

Next Post
Вохӯрии судманд бо муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо

Вохӯрии судманд бо муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.