Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Фархор якҷо бо мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО” дар ноҳия суҳбати самимӣ ва аз ташхис гузаштани муҳоҷирони ба ватан бозгашта баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки дар доираи «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии сокинони мамлакат, тағйири рафтор нисбат ба саломатии хеш, дарки моҳияти тарзи ҳаёти солим, татбиқи барномаҳои самараноки минтақавӣ оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим амали гардида истодааст.
Мутахассисони соҳа қайд намуданд, ки бемории вируси норасоии масунияти одам яке аз масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Баромадкунандагон оиди бемории вируси норасии масунияти одам, таърихи пайдоиш, роҳҳои интиқол, роҳҳои пешгирӣ, табобат, вазъи эпидемиологии ВНМО дар ҷаҳон ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Дар фарҷом муҳоҷирони ба ватан бозгашта аз ташхис газаштанд, инчунин, аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ ба мутахассисони МД “МҶ ВНМО” саволҳо оид ба роҳҳои интиқоли ғайритабии ВНМО, гузаштан аз ташхиси ВНМО, давраи ноайёнии ВНМО, табобат дода шуда, мутахассисони марказ ба ҳамаи саволҳо ҷавобҳои дақиқ ва саҳеҳ доданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

