Кормандони Хадамоти муҳоҷират ҳамарӯза дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” вохӯрии судманд бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равонаанд, идома дода истодаанд.
Дар рафти вохӯрӣ ба самъи шаҳрвандони ҷумҳурӣ расонида шуд, ки ҳангоми будубош ва фаъолияти меҳнатӣ ҳушёрӣ ва эҳтиёткориро риоя намоянд. Имрӯзҳо баъзе гурӯҳҳо ва созмонҳои мамнуъ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ва дигар воситаҳои иртибот кӯшиш мекунанд шаҳрвандонро ба фаъолияти ғайриқонунӣ ҷалб намоянд. Дар чунин ҳолатҳо метавонанд пешниҳодҳои гуногун, ваъдаҳои бардурӯғ ё дархостҳои интиқоли маблағ ва расонидани кумак истифода шаванд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад: бо шахсони ношинос ва гурӯҳҳои шубҳанок робита барқарор накунанд; ба даъватҳо барои иштирок дар фаъолиятҳои ғайриқонунӣ посух надиҳанд; маблағро ба шахсон ё созмонҳои номаълум интиқол надиҳанд; аз паҳн намудани мавод ё маълумоти дорои хусусияти экстремистӣ ё террористӣ қатъиян худдорӣ намоянд; талаботи қонунгузории Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намоянд.
Ёдовар мешавем, ки мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дар фаъолияти созмонҳои террористӣ ё экстремистӣ, мусоидат ба фаъолияти онҳо, маблағгузорӣ, интиқоли маблағ, ҷалби дигарон, инчунин дигар шаклҳои ҳамкорӣ бо чунин созмонҳо метавонад боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ гардад.
Қаблан Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонеро, ки барои кор ба кишвари Россия мераванд, аз кӯшишҳои гурӯҳҳои ифротгаро барои таъсир расонидан ба ҷавонон дар интернет огоҳ карда буд. Аз муҳоҷирон даъват карда шуд, ки ба таҳрикҳо муқовимат кунанд ва ҳушёр бошанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
