Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода вохӯрии судманд бо сокинони деҳаи Шодмон-1 Ҷамоати деҳоти Навобод баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур, сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода Қурбоналӣ Эмомов, вобаста ба муҳоҷирати бехатар, риояи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат, расман фаъолият намудан, тартиби дарёфти ҷойи кори доимӣ, таъмини амнияти бехатарӣ дар фаъолияти меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои муҳим дар ин самтро ба сокинони ҷамоат маълумот дод.
Зикр гардид, ки риояи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат зимни фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия кафолати фаъолияти меҳнатиро фароҳам оварда, имконият ва бехатарӣ дар фаъолияти меҳнатиро таъмин менамояд.
Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ оид ба хатару таҳдидҳои замони муосир, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дӯст доштани фарҳанг, таърих ва арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик, ҳифзи расму оин ва анъанаҳои миллӣ дар хориҷи кишвар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар миёни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз гардид.
Ба саволҳои сокинони Ҷамоати деҳоти Навобод оид ба муҳоҷират, мушкилот дар самти фаъолияти меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб масъулини шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ҷавобҳои мушаххас доданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

