Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Зафаробод дар якҷоягӣ бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маркази ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ бо мақсади ҳарчи бештар паст намудани сатҳи бекорӣ ва паст кардани шиддати муҳоҷиратӣ гузаронида шуд.
Чорабинии мазкур бо пешниҳоди 136 ҷойи кории холӣ ва вазифаҳои озод дар корхона ва ташкилотҳои ноҳия, 200 ҷойҳои кории холӣ дар ҶСК НБО “Роғун” гузаронида шуд.
Бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор, аз ҷумла муҳоҷирони ба ватан бозгашта дар дохили кишвар ширкатҳои ватанӣ, касбомӯзӣ ва забономӯзӣ тавсияҳои муфид дода шуданд.
Дар ярмаркаи мазкур 8 нафар шаҳрвандони бекор дорои тавсияномаи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия гаштанд.
Инчунин, 6 нафар шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатие, ки ба ватан бозгаштаанд ба вакансияҳои ҶСК “НБО Роғун” шароити зист, хӯрока ва музди маош маълумотҳои муфассал гирифта, иброз доштанд, ки дар рӯзҳои наздик аз хулосаи худ хабар хоҳанд дод.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

