Ҳайати гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират таҳти роҳбарии муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода Маҳмадсалим Пир барои гузаронидани вохӯриҳо дар “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” бо муҳоҷирони меҳнатие, ки аз Федератсияи Россия бар гаштаанд ва барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишвари Россия сафар доранд, мулоқоти судманд баргузор намуданд.
Дар рафти суҳбат бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатие, ки ба ватан бозгаштаанд дар бораи бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо дар ширкатҳои ватанӣ, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои муфид доданд.
Ҳамзамон, ба шаҳрвадоне, ки аз кишвари Россия баргаштаанд бо вакантҳои ҷойи кории холӣ дар ширкатҳои ватанӣ пешниҳод гардиданд.
Инчунин, он нафароне, ки донандаи забонҳои хориҷа ҳастанд ва мехоҳанд дар ширкатҳои хориҷа кору фаъолият намоянд ба МД “Агентии бокортаъминкунӣ ба хориҷа” ва “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ муроҷиат намоянд.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ бо шаҳрвандон доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, тарзи дурусти ҳуҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), донистани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан суханронӣ намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки гузаронидани чунин чорабинӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” низ гузаронида мешавад.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

