Забон яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ва рукнҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Барои ҳар як миллат забон танҳо воситаи муошират набуда, балки оинаи таърих, фарҳанг, маънавиёт ва худшиносии миллӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мақоми хос дошта, ҳифз ва рушди он вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди кишвар ба шумор меравад.
Таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои арҷгузорӣ ба забони модарӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватандӯстии шаҳрвандон аҳамияти муҳим дорад. Ин рӯз, моро водор месозад, ки барои покизагӣ, рушди минбаъда ва истифодаи дурусти забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа масъулияти бештар эҳсос намоем.
Забони тоҷикӣ дорои таърихи қадима ва ганҷинаи ғании адабию фарҳангӣ мебошад. Осори бузургони адабиёти тоҷик, аз ҷумла Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва дигарон шаҳодат медиҳанд, ки забони тоҷикӣ дар тӯли асрҳо ҳамчун забони илму адаб, фарҳанг ва маърифат нақши бузург доштааст.
Дар шароити имрӯза рушди забони давлатӣ аз ҳар як шаҳрванд, бахусус кормандони мақомоти давлатӣ, масъулияти бештар талаб мекунад. Риояи меъёрҳои забони адабӣ, дуруст навиштану баён кардани андеша, истифодаи дурусти истилоҳоти соҳавӣ ва эҳтиром ба забони давлатӣ бояд ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти ҳаррӯза бошад.
Барои кормандони соҳаи муҳоҷират масъалаи забони давлатӣ аҳамияти хос дорад. Хадамоти муҳоҷират дар робита бо шаҳрвандон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва намояндагони сохторҳои гуногун фаъолияти васеъ анҷом медиҳад. Аз ин рӯ, истифодаи дурусту равшани забони давлатӣ дар муроҷиатҳо, ҳуҷҷатҳои расмӣ, суҳбату вохӯриҳо ва корҳои иттилоотию маърифатӣ ба баланд гардидани фарҳанги хизматрасонии давлатӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ё дигар масъалаҳо ба хориҷи кишвар мераванд, бояд эҳтиром ба забони модарӣ ва арзишҳои миллиро ҳамчун ҷузъи муҳими ҳувияти худ нигоҳ доранд. Забон пайванди инсонро бо Ватан, миллат ва фарҳанги аҷдодӣ устувор нигоҳ медорад.
Дар замони рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалӣ зарур аст, ки забони тоҷикӣ дар фазои иттилоотӣ низ мавқеи муносиб дошта бошад. Истифодаи дурусти забони давлатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сомонаҳо ва воситаҳои ахбори омма барои баланд бардоштани фарҳанги забондонӣ ва таҳкими мавқеи забони тоҷикӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ҳар як корманди давлатӣ бояд дар истифодаи забони давлатӣ намунаи масъулият ва фарҳанги баланди сухан бошад. Эҳтиром ба забон аз эҳтиром ба миллат ва Ватан сарчашма мегирад.
Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад!
Бигзор забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ҳамеша пойдор, рушдёбанда ва дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа пурқуввату устувор бошад. Эҳтиром ва ҳифзи забони давлатӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст ва қарзи маънавии насли имрӯзу фардои кишвар мебошад.
Баротов Илҳом,
Мудири бахши Хадамот муҳоҷират дар ноҳияи Фархор

