Дар моддаи 2-и Конститутсияи мамлакат омадааст, ки: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».
Аз ин рӯ, мо чун сокини боифтихори ин кишвари аҷдодӣ ва як шахси ватандору меҳанпараст вазифадорем, ки ин нуктаҳои конститутсиониро дар бораи амали забони давлатӣ бечунучаро иҷро ва ҳифз намоем.
Мавриди зикр аст, ки бо талабу дархости мардуми тоҷик бори аввал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони тоҷикӣ» 22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул гардида, он ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода буд.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар, аниқтараш 5 октябри соли 2009, таҳти №553 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул шуд ва инак, 17 сол аст мо аз файзи нусрати он баҳравар ҳастем. Тӯли ин солҳо дар матбуоти даврӣ, китобҳои дарсӣ, адабиёти тозанашри илмию бадеӣ, коргузорию ҳуҷҷатнигории мақомоти давлатӣ ва махсусан дар забони гуфтугӯии мардум дигаргуниҳои куллӣ ба миён омада, риояи ҳатмии талаботи имлои забони давлатӣ ҷорӣ карда шуд.
Дар заминаи Қонуни мазкур якчанд санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ва ғайра қабул шуд, ки барои боз ҳам таҳкиму такмили забони давлатӣ мусоидат намуданд.
Дар баробари ин, дар самти такмили забони давлатӣ китобҳои дигари олимону муҳаққиқон ва шоирону нависандагон ҳам назаррас мебошад. Зеро онҳо садҳо китобҳои илмию оммавӣ, китобҳои дарсию дастурҳои омӯзишӣ, маҷмӯаи шеъру достон, очерку ҳикояҳо ва мақолаҳои илмию оммавӣ ба нашр расонида, мардумро ба эҳтирому нигаҳдошти забони ноби тоҷикӣ даъват намудаанд.
Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоишу гиромидошт ва эҳтироми забони тоҷикӣ чунин андешаронӣ кардаанд: «Ифтихори ватандорӣ аз донистани таърихи Ватан, забон ва фарҳанги миллӣ сарчашма мегирад» ва «Забон моли халқ, мероси миллат ва сармояи маънавии давлати соҳибистиқлол аст».
Дар пайвастагии таъкидҳои Ҷаноби Олӣ мо бояд ифтихор аз он дошта бошем, ки соҳиби чунин забони ширину гӯшнавози пурғановат, забони илм ва шеъру адаби оламгир ҳастем. Бояд ба қадри он расем, меҳрашро бо шири модар ба қалби фарзандонамон ҷой кунем ва ин анъанаро аз насл ба насл идома диҳем, то забони пурғановати тоҷикӣ умри ҷовидона ёбад.
Мо – ворисони ин забон, бояд бо қалби пок онро нигаҳбон бошем, ҳарчи тавонем биомӯзем, эҷод кунем, ташвиқ намоем, аз байни мардум гавҳарҳои дурахшонро пайдо карда, вориди забони адабӣ созем, то ояндагон аз он баҳра баранду шукргузор бошанд.
Бигзор зери ливои сулҳу ваҳдати комил ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони давлатии тоҷикон пояндаву ҷовидон бошад!
Мудири бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират
Абдуллоев Некруз
