Ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки давлатҳои аъзои Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз 22 то 24 октябри соли 2026 дар Остона баргузор гардид, ки дар кори он намояндаи Хадамоти муҳоҷират Бобиев Садриддин иштирок намуд.
Дар ҷаласа намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, Шӯрои роҳбарони воҳидҳои иктишофии молиявӣ ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок карданд.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои мубрами танзими равандҳои муҳоҷират, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои марбут ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ, такмили ҳамкории байнидавлатӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатҳои иштирокдори ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мутобиқи рӯзномаи ҷаласа, масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд: омӯзиши таҷрибаи пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои марбут ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ, инчунин пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, аз ҷумла донишҷӯёни хориҷӣ; мубодилаи иттилоот оид ба созишномаҳои байни давлатҳои иштирокдори ИДМ ва кишварҳои сеюм дар соҳаи муҳоҷират; табодули таҷриба оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ дар идоракунии равандҳои муҳоҷират, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, баҳисобгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва ошкор намудани шахсони ғайриқонунӣ дар ҳудуди давлатҳо қарордошта; баррасии таҷрибаи истифодаи воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои муосир ва порталҳои расмии интернетӣ барои пешбурди корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ; такмили механизмҳои миллии ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба фаъолияти меҳнатӣ, инчунин масъалаҳои таъсири платформаҳои рақамии шуғл ба бахши ғайрирасмии иқтисодиёт; масъалаҳои марбут ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони Афғонистон дар давлатҳои иштирокдори ИДМ; баррасии масъалаҳои мубодилаи таҷриба ва баланд бардоштани тахассуси кормандони воҳидҳои ҳудудии мақомоти муҳоҷират; шунидани ҳисобот оид ба фаъолияти Комиссияи муштарак ва баррасии масъалаҳои марбут ба ҷаласаи навбатии он.
Дар идомаи ҷаласа зарурати тақвияти ҳамкории байнидавлатӣ, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, густариши мубодилаи иттилоот, истифодаи технологияҳои муосир ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони мақомоти ваколатдори соҳаи муҳоҷират таъкид гардид.
Дар фарҷоми ҷаласа иштирокдорон барои омӯзиши таҷрибаи давлатҳои иштирокдори ИДМ, табодули иттилоот ва таҳкими ҳамкориҳои касбӣ дар самти танзими равандҳои муҳоҷират ва мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мусоидат намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

