• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Дар Остона ҷаласаи Комиссияи муштараки кишварҳои узви ИДМ оид ба Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ баргузор гардид

Migration Service by Migration Service
29.10.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Дар Остона ҷаласаи Комиссияи муштараки кишварҳои узви ИДМ оид ба Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ баргузор гардид
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки давлатҳои аъзои Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз 22 то 24 октябри соли 2026 дар Остона баргузор гардид, ки дар кори он намояндаи Хадамоти муҳоҷират Бобиев Садриддин иштирок  намуд.

Дар ҷаласа намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, Шӯрои роҳбарони воҳидҳои иктишофии молиявӣ ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок карданд.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои мубрами танзими равандҳои муҳоҷират, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои марбут ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ, такмили ҳамкории байнидавлатӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатҳои иштирокдори ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мутобиқи рӯзномаи ҷаласа, масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд: омӯзиши таҷрибаи пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои марбут ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ, инчунин пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, аз ҷумла донишҷӯёни хориҷӣ; мубодилаи иттилоот оид ба созишномаҳои байни давлатҳои иштирокдори ИДМ ва кишварҳои сеюм дар соҳаи муҳоҷират;  табодули таҷриба оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ дар идоракунии равандҳои муҳоҷират, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, баҳисобгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва ошкор намудани шахсони ғайриқонунӣ дар ҳудуди давлатҳо қарордошта; баррасии таҷрибаи истифодаи воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои муосир ва порталҳои расмии интернетӣ барои пешбурди корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ; такмили механизмҳои миллии ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба фаъолияти меҳнатӣ, инчунин масъалаҳои таъсири платформаҳои рақамии шуғл ба бахши ғайрирасмии иқтисодиёт; масъалаҳои марбут ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони Афғонистон дар давлатҳои иштирокдори ИДМ; баррасии масъалаҳои мубодилаи таҷриба ва баланд бардоштани тахассуси кормандони воҳидҳои ҳудудии мақомоти муҳоҷират; шунидани ҳисобот оид ба фаъолияти Комиссияи муштарак ва баррасии масъалаҳои марбут ба ҷаласаи навбатии он.

Дар идомаи ҷаласа зарурати тақвияти ҳамкории байнидавлатӣ, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, густариши мубодилаи иттилоот, истифодаи технологияҳои муосир ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони мақомоти ваколатдори соҳаи муҳоҷират таъкид гардид.

Дар фарҷоми ҷаласа иштирокдорон барои омӯзиши таҷрибаи давлатҳои иштирокдори ИДМ, табодули иттилоот ва таҳкими ҳамкориҳои касбӣ дар самти танзими равандҳои муҳоҷират ва мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мусоидат намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Боздиди ҳайати комиссияи озмун аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Муҳоҷир”

Next Post

Вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Шайдон

Next Post
Вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Шайдон

Вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Шайдон

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.