Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Фархор мулоқоти судманд бо волидон, омӯзгорону хонандагони МТМУ №4-и ноҳия доир гардид.
Дар ҷараёни мулоқот намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия вобаста ба масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи кардани қоидаҳои бехатарии меҳнатӣ суханронӣ намуда, таъкид гардид, ки шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон аҳамияти хоса дорад.
Ҳозирин ҳамчунин дар бораи таҳдидҳо вобаста ба ҷалби шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷиноятӣ огоҳонида шуданд. Қайд шуд, ки зарур аст ҷавонон бештар ба таҳсил дар мактабҳо, коллеҷҳо ва донишкадаҳо ҷалб карда шаванд.
Инчунин, дар рафти чорабинӣ аз ҷониби намояндаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО” дар ноҳия оид ба бемории вируси норасии масунияти одам, таърихи пайдоиш, роҳҳои интиқол, роҳҳои пешгирӣ, табобат, вазъи эпидемиологии ВНМО дар ҷаҳон ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, махсусан ВИЧ/СПИД ва сил. Таъкид шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нигоҳубини саломатӣ омили муҳими пешгирии ин бемориҳо мебошад.
Вохӯрӣ дар руҳияи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид. Дар анҷом, ҳамаи иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои зарурӣ дарёфт намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

