• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Идомаи суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Migration Service by Migration Service
23.09.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Идомаи суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” суҳбату вохӯриҳоро бо шаҳрвандони  бозгашта ва шаҳрвандоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равонаанд, идома дода истодаанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ бо он шаҳрвандоне, ки айни замон аз кишвари Россия ба Ватан баргаштаанд ҳамсуҳбат шуда, дар таъмин намудани онҳо бо вакансияҳои ҷойи кории холӣ дар ширкатҳои ватанӣ, инчунин ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои муфид дода шуд.

Ҳамзамон, ба он шаҳрвандоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишвари Россия равонаанд, таъкид карданд, ки ҳангоми анҷом додани интиқоли маблағ эҳтиёткор буда, ба суратҳисобҳои шахсони номаълум, фондҳои ношинос ва ё кортҳои шахсони бегона худдорӣ намоянд.

Хотиррасон менамоем, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ, фондҳои қалбакӣ ва шахсони ношинос бо мақсади ба даст овардани маблағҳои муфт, наворҳои сохта, аксҳои тавассути барномаҳои муосир сохташударо дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн ва нашр намуда, аз мардум маблағҳои муфтро гирдоварӣ менамоянд.

Дар ин замина ёдовар бояд шуд, ки гурӯҳҳои алоҳидаи ифротгароӣ ва экстремистӣ бо баҳонаи расонидани кӯмаки хайриявӣ, ёрӣ ба шахсони ниёзманд, зарардидагон ва ё бо дигар мақсадҳои иҷтимоӣ аз шаҳрвандон интиқоли маблағро дархост намуда, дар ин асно фаъолияти ба зоҳир хайриявӣ метавонад аз ҷониби шахсон ё ташкилотҳое амалӣ гардад, ки барои ҷамъоварии маблағ асосҳои қонунӣ надоранд ва ё метавонанд мақсадҳои ғайриқонунӣ дошта бошанд, ки тибқи талаботҳои қонунгузории Россия интиқолдиҳандаи маблағ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.

Хадамоти муҳоҷират аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки ба шахсони ношинос, ташкилотҳо, фондҳо ва гурӯҳҳое, ки фаъолияти онҳо ба таври боэътимод тасдиқ нашудааст, маблағ интиқол надиҳанд ва пеш аз фиристондани маблағ ваъзи ҳуқуқии ташкилот ва шахси қабулкунандаро санҷанд. Зарур аст, ки пеш аз анҷом додани ҳар гуна интиқоли маблағ маълумоти пурра дар бораи гирандаи маблағ, номи расмии ташкилот, қонунӣ будани фаъолияти он, реквизитҳои бонкӣ ва мақсади ҷамъоварии маблағ санҷида шавад. Ба реквизитҳое, ки тавассути каналҳои ношиноси Telegram, шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ё аз ҷониби шахсони номаълум пешниҳод мешаванд, маблағ интиқол надиҳед.

Инчунин, дар ҳолатҳое, ки аз шаҳрвандон талаб карда мешавад маблағро ба “корти шахсии бонкӣ, ҳамёни электронӣ ё суратҳисоби шахсони сеюм” интиқол диҳанд, инчунин ҳолатҳое, ки пинҳон намудани мақсади пардохт ё анҷом додани интиқол ба манфиати шахсон ё ташкилотҳои ношинос талаб карда мешавад, диққати махсус зоҳир намоед.

Дар хотир доред!

Тибқи қисми 1.1 моддаи 205.1 Кодекси ҷиноии Федератсияи Россия, маблағгузории терроризм кирдори ҷиноӣ буда, ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун барои чунин кирдор ҷазо, аз ҷумла маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 15 сол ва дар ҳолатҳои муайяншуда ҳатто ҷазои якумра пешбинӣ гардидааст.

Аз ин рӯ, ҳатто агар ҷамъоварии маблағ бо баҳонаи “ёрии хайриявӣ” ё “кӯмаки иҷтимоӣ” пешниҳод гардад, дар сурати мавҷуд будани шубҳа нисбат ба гирандаи маблағ ё мақсади воқеии ҷамъоварӣ, аз интиқоли маблағ худдорӣ намоед.

Тавсия медиҳем, ки ба муроҷиатҳои эҳсосотӣ дода нашавед, ба ваъдаву исрори шахсони ношинос бовар накунед ва пеш аз санҷидани маълумот барои интиқоли маблағ шитоб накунед.

Дар сурати пайдо шудани шубҳа ё гумонбарӣ тавсия дода мешавад, ки мукотиба, мушаххасоти бонкӣ, истинод ва дигар маълумоти марбут ба ҷамъоварии маблағро нигоҳ дошта, барои гирифтани машварат ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоед.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Коррупсия ва роҳҳои пешгирии он

Next Post

Терроризм худ як зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир ба шумор меравад

Next Post
Терроризм худ як зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир ба шумор меравад

Терроризм худ як зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир ба шумор меравад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.