Кормандони МД “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд дар терминали мусофиркашонии “Роҳи Абрешим” бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия тавассути нақлиёти мусофирбар барои фаъолияти меҳнатӣ сафар менамоянд, вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ бо шаҳрвандоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишвари Россия сафар доранд, оид ба қонунгузориҳои нави муҳоҷиратӣ, тартиби дурусти истифодаи барномаи “Амина”, ҳолатҳои пешгирикунандаи қонунгузорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, таъмини кафолатҳои меҳнатӣ, инчунин оид ба рияои талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот маълумотҳои муфид дода шуданд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ҳангоми оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармоёни хориҷӣ зарур аст, ки шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, як нусхаи асли онро дар худ нигоҳ доранд, чун ҳангоми мушкилот дар самти пардохти музди меҳнат ва ҳифзи кафолатҳои меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати танзимкунанда ва тасдиқкунандаи юридикӣ шартномаи меҳнатӣ ба ҳисоб меравад.
Инчунин, дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ ба шаҳрвандон оид ба хатару таҳдидҳои замони муосир, пешгирии онҳо аз гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва ифротгароии диннӣ, пешгирӣ аз истифодаи маводҳои мухаддиру маводҳои мамнуъшуда маълумот дода шуд.
Зикр гардид, ки дар замони муосир истифодаи воситаҳои муосиртарини дастрасӣ ба иттилоот барои ташаккули андешаи фикрии инсоният мусоидат намуда, мутаассифона истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои мамнуъ муҳоҷирони меҳнатиро ба доми фиреб оварда, онҳоро мувоҷеҳи мушкилоти зиёд мегардонад. Вобаста ба ин ба шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия дода шуд, ки аз истифодаи сомонаҳои мамнуъ худдорӣ намуда, фарҳанги дурусти истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро риоя намоянд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба шаҳрвандон варақаи иттилоотии Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

