• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон баргузор гардид

Migration Service by Migration Service
07.10.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон баргузор гардид
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар доираи тадбирҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират, МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе ва намояндаи Маркази захиравии муҳоҷирон ICMPD  бо шаҳрвандон вохӯрӣ баргузор намуданд.

Чорабинии мазкур дар Маркази сершуғли муҳоҷират дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, зимни он масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, риояи қонунгузорӣ ва омодагии шаҳрвандон пеш аз сафар ба хориҷи кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни вохӯрӣ ба иштирокчиён оид ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои қабулкунанда, тартиби будубош ва фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, инчунин роҳҳои пешгирии ҳолатҳои номатлуб дар раванди муҳоҷират маълумоти зарурӣ пешниҳод карда шуд.

Таъкид гардид, ки донистан ва риоя намудани қонунгузории кишварҳои қабулкунанда, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангиву иҷтимоӣ, доштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аз омилҳои асосии таъмини амнияти муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, ба масъалаҳои касбомӯзӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва омодагии касбии шаҳрвандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Дар ин робита, ба шаҳрвандон иттилоъ дода шуд, ки дар назди МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе омӯзиши забони русӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.

Зикр гардид, ки шаҳрвандони хоҳишманд метавонанд аз ин имконият истифода намуда, донишу малакаи забонии худро такмил диҳанд. Омӯзиши забони русӣ, бахусус барои шаҳрвандоне, ки нияти сафар ба кишварҳои русзабон ва фаъолияти меҳнатӣ дар он ҷо доранд, яке аз омилҳои муҳими омодагӣ ба муҳоҷират мебошад.

Дар идомаи вохӯрӣ масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва риояи меъёрҳои қонунгузорӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, оид ба тартиби омодагӣ ба сафар, риояи қонунгузории кишварҳои қабулкунанда ва имкониятҳои мавҷудаи дастгириву машваратӣ маълумоти иловагӣ дарёфт намуданд.

Баргузории чунин вохӯриҳо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон, пешгирии ҳолатҳои номатлуб дар раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Вохӯрии навбатӣ бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.