Терроризм худ як зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир ба шумор меравад
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатӣ ва дар масири барқарорсозии Ваҳдати миллӣ, бо монеаҳои сангини сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ гашт, ки ин мушкилот боиси хисороти бузурги молиявию моддӣ гардиданд. Бинобар ин, барои таҳкими арконҳои давлатдор, пойдории иттиҳоди миллӣ ва таъмини суботи сартосарӣ, кишвари мо ба пешгирӣ ва несту нобуд кардани падидаҳои манфии сиёсӣ, бахусус террориз ва экстремизм, ниёзи ҷиддӣ дорад. Терроризм худ як зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир ба шумор рафта, моҳияти он дар содир намудани ҷиноятҳои сангин, аз қабили куштори инсонҳо, гаравгонгирӣ, таркиши иншооти истеҳсоливу маишӣ ва рабудани воситаҳои нақлиёт ифода меёбад. Экстремизм бошад, бо хислатҳои ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезӣ тавсиф шуда, бо терроризм пайванди ногусастанӣ дорад. Ба ибораи дигар, ҳадаф ва натиҷаи ниҳоии экстремизм ҳамон терроризм аст. Дар маҷмуъ бояд қайд кард, ки ҳардуи ин истилоҳ хатари